«Наврӯз дар шаҳри ман»- маҳфили аксбардорони ҷавон

Апрель 14, 2014 12:07

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Наврӯз дар шаҳри ман»- таҳти чунин унвон аъзои маҳфили аксбардорони ҷавон  — «Нигоҳи ҷавонон» дар Хонаи маданияти рақами 2 — и шаҳри Хуҷанд намоиши аксҳои наврӯзиро доир намуданд.
Бар пояи иттилои сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар намоиш 40 акс аз лаҳзаҳои гуногуни таҷлили иди ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд манзури ҳаводорони санъати аксбардорӣ гардид.
Дар намоиш аксбардорони ҷавон — Ҷӯрабой Ҷумъаев, Абдурауф Қаҳҳоров, Исматҷон Иброҳимов маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки маҳфили аксбардорони ҷавон — «Нигоҳи ҷавонон» ду сол қабл дар Хонаи маданияти рақами 2-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо ибтикори ҷавонони эҷодкор Исматҷон Иброҳимов ва Ҷӯрабой Ҷумаъев, Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» таъсис ёфта, маротибаи чаҳорум аст, ки гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки намоиши «Наврӯз дар шаҳри ман» то санаи 20 — уми апрел идома хоҳад ёфт.
 
 

Апрель 14, 2014 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик