«Наврӯз дар шаҳри ман»- маҳфили аксбардорони ҷавон
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Наврӯз дар шаҳри ман»- таҳти чунин унвон аъзои маҳфили аксбардорони ҷавон — «Нигоҳи ҷавонон» дар Хонаи маданияти рақами 2 — и шаҳри Хуҷанд намоиши аксҳои наврӯзиро доир намуданд.
Бар пояи иттилои сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар намоиш 40 акс аз лаҳзаҳои гуногуни таҷлили иди ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд манзури ҳаводорони санъати аксбардорӣ гардид.
Дар намоиш аксбардорони ҷавон — Ҷӯрабой Ҷумъаев, Абдурауф Қаҳҳоров, Исматҷон Иброҳимов маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки маҳфили аксбардорони ҷавон — «Нигоҳи ҷавонон» ду сол қабл дар Хонаи маданияти рақами 2-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо ибтикори ҷавонони эҷодкор Исматҷон Иброҳимов ва Ҷӯрабой Ҷумаъев, Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» таъсис ёфта, маротибаи чаҳорум аст, ки гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки намоиши «Наврӯз дар шаҳри ман» то санаи 20 — уми апрел идома хоҳад ёфт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






