Нишасти матбуотии волонтёрон
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва муаррифии дурнамои фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Зимни нишаст дар ҳузури хабарнигорон зикр шуд, ки мақсади асосии Ассотсиатсия ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бахусус дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба шуғлнокӣ, таҳсилот, саломатӣ ва таъминоти иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ва мусоидат барои иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар демократикунонии ҷомеа бо роҳи рушди ҳаракати волонтёрӣ дар кишвар нигаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки 20-уми феврали соли равон бо ташаббуси Иттиҳодияи ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон (ки ба он 117 ташкилотҳо аъзо мебошанд) ва шаш ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади рушду такомули фаъолияти волонтёрӣ ва фароҳам овардани шароитҳо барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (Ассотсиатсия) таъсис дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






