Низомиддин Зоҳидов Андре Пакеро муборакбод гуфт
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидов намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот фаъолияти КБСС дар кишвари мо, барномаҳои расонидани кӯмакҳои гуманитарӣ ба ҷабрдидагоне, ки аз минаҳо, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода осеб ёфтаанд, муҳокима гардиданд. Нақши КБСС дар расонидани кӯмак ба оилаҳои ашхосашон бедаракшуда ва дигар табақаҳои осебдидаи аҳолӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати фаъолияти сардори КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Северин Шаппаз, муовини вазири корҳои хориҷӣ ба номбурда номаи сипоси вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Асловро супурд. Дар номаи мазкур натиҷаҳои назарраси фаъолияти Северин Шаппаз қайд гардидаанд.
Низомиддин Зоҳидов намояндаи навтаъйини КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андре Пакеро муборакбод гуфта, дар фаъолияти кориаш бурдбориҳо таманно кард.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






