Ноболиғон бо гумони дуздӣ дастгир шуданд
Душанбе, 01.04. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони милитсия чор ноболиғро бо гумони даст доштан дар дуздӣ дастгир намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Асадуллоев Таваккал Кабутович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи феврали соли 2014-ум шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз анбори корхонаи хиштбарорӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, 10 адад аккумулятори тамғаи «6 ДВ-160»-ро, ки арзиши умумиашон 6000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар дуздӣ ноболиғон Саидбаҳром Раҳматов, соли таваллудаш 1996, Раҳмоналӣ Раҳматов, соли таваллудаш 1997, Наҷмиддини Нуралӣ, соли таваллудаш 1998 ва Олим Сангов, соли таваллудаш 2000, хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дастгир шуданд.
Алҳол ҳодисаи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






