Оғози ҳамоишҳои илмии апрелӣ
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конфросҳои илмии апрелӣ оғоз шуданд. Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар конфронс ректор Абдуҷаббор Раҳмонов ширкат варзида, дар хусуси вазъи илмӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ дар як соли охир сухан гуфта, таъкид кард, ки омӯзгорони мо нисбат ба солҳои қаблӣ пурмаҳсул эҷод кардаанд. Аз ҷониби онҳо мақолоти зиёди илмӣ, дастуру тавсияҳои методӣ ва китобҳои тадқиқотӣ таълиф гардиданд, ки бешак, барои рушди илми тоҷик саҳми арзанда мегузоранд.
Зикр шуд, ки ҳамагӣ дар 3 моҳи охир чандин нафар муаллимони донишгоҳ рисолаҳои докторию номзадии хешро комилан омода карда, барои муҳокима манзур сохтанд ва зумрае аз онҳо, тадқиқоти илмиашонро бо муваффақият дифоъ намуданд. Дар айни замон иқтидори илмии донишгоҳ рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар ҳолати тақвиятёбист.
А.Раҳмонов пирӯзии донишҷӯёнро дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ далели беҳтаргардии кор дар ҷодаи илм унвон карда, изҳор дошт, ки алъон муҳассилини факултаи физика дар ин ҷабҳа пешгом ҳастанд. Садоратҳои факултаҳои химия, математика, биологияро мебояд, ки барои ширкати толибилмонашон дар озмунҳои сатҳи баланд онҳоро омода карда, баҳри ба даст овардани музаффарият талош варзанд.
Дар фарҷом ба ғолибони озмуни «Иншои беҳтарин» мукофотҳо тақдим гардиданд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






