Оғози ҳамоишҳои илмии апрелӣ

Апрель 15, 2014 15:07

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конфросҳои илмии апрелӣ оғоз шуданд. Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар конфронс ректор Абдуҷаббор Раҳмонов ширкат варзида, дар хусуси вазъи илмӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ дар як соли охир сухан гуфта, таъкид кард, ки  омӯзгорони мо нисбат ба солҳои қаблӣ пурмаҳсул эҷод кардаанд. Аз ҷониби онҳо мақолоти зиёди илмӣ, дастуру тавсияҳои методӣ ва китобҳои тадқиқотӣ таълиф гардиданд, ки бешак, барои рушди илми тоҷик саҳми арзанда мегузоранд.
Зикр шуд, ки ҳамагӣ дар 3 моҳи охир чандин нафар муаллимони донишгоҳ рисолаҳои докторию номзадии хешро комилан омода карда, барои муҳокима манзур сохтанд ва зумрае аз онҳо, тадқиқоти илмиашонро бо муваффақият дифоъ намуданд. Дар айни замон иқтидори илмии донишгоҳ рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар ҳолати тақвиятёбист. 
А.Раҳмонов пирӯзии донишҷӯёнро дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ далели беҳтаргардии кор дар ҷодаи илм унвон карда, изҳор дошт, ки алъон муҳассилини факултаи физика дар ин ҷабҳа пешгом ҳастанд. Садоратҳои факултаҳои химия, математика, биологияро мебояд, ки барои ширкати толибилмонашон дар озмунҳои сатҳи баланд онҳоро омода карда, баҳри ба даст овардани музаффарият талош варзанд.
Дар фарҷом ба ғолибони озмуни «Иншои беҳтарин» мукофотҳо тақдим гардиданд.

Апрель 15, 2014 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд