Оғози бинои нави истиқоматӣ дар Муъминобод
Кӯлоб, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Муъминобод марҳилаи дуюми сохтмони бинои 32 ҳуҷрадор оғоз гардида, дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд. Марҳилаи якуми бинои мазкур соли 2013 — ум оғоз гардида, қисми тарҳрезии он ба маблағи 552 ҳазор сомонӣ ба итмом расид. Сохтмони бино бо маблағгузории ҶТ, фармоишгар Хадамоти назорати техникии ноҳия ва сохтмончӣ «Иҷрокор» ба итмом расонида мешавад.
Тавре ки директори ҷамъият Тӯйчӣ Каримов иброз дошт, дар айни ҳол барои корҳои сохтмонӣ 1 млн. 135 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки он барои харидории масолеҳи сохтмонӣ ва музди меҳнати сохтмончиён масраф мегардад. Дар корҳои сохтмонӣ 5 адад техникаи муосир ва 22 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб шуда, бо шароитҳои лозимӣ таъмин мебошанд. Тибқи лоиҳа бинои 32 ҳуҷрадор аз панҷ ошёна иборат буда, то охири соли 2015 ба истифода дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






