Оғози бинои нави истиқоматӣ дар Муъминобод

Апрель 19, 2014 12:59

Кӯлоб,  19.04.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон  Холов). —  Дар  ноҳияи  Муъминобод марҳилаи дуюми  сохтмони бинои  32 ҳуҷрадор оғоз  гардида,  дар айни  ҳол  корҳои  сохтмонӣ  босуръат  ҷараён  доранд. Марҳилаи   якуми  бинои  мазкур   соли  2013 — ум   оғоз  гардида,  қисми   тарҳрезии он  ба  маблағи  552 ҳазор сомонӣ   ба  итмом   расид.  Сохтмони  бино  бо  маблағгузории  ҶТ,  фармоишгар  Хадамоти   назорати  техникии  ноҳия  ва  сохтмончӣ «Иҷрокор»  ба  итмом   расонида   мешавад. 
Тавре  ки директори  ҷамъият Тӯйчӣ  Каримов  иброз  дошт,  дар айни  ҳол  барои  корҳои  сохтмонӣ   1 млн. 135 ҳазор сомонӣ  ҷудо   гардидааст,   ки он барои  харидории  масолеҳи   сохтмонӣ ва   музди  меҳнати   сохтмончиён  масраф   мегардад.  Дар  корҳои  сохтмонӣ  5  адад  техникаи  муосир  ва  22  нафар  сохтмончӣ   ба  кор  ҷалб   шуда,  бо   шароитҳои  лозимӣ   таъмин  мебошанд.  Тибқи лоиҳа  бинои  32  ҳуҷрадор  аз панҷ ошёна иборат буда, то охири  соли  2015  ба  истифода  дода  мешавад.

Апрель 19, 2014 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!