Оғози корҳои мумфаршкунӣ дар Хуҷанд

Апрель 1, 2014 09:19

Хуҷанд, 1.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунии роҳҳо оғоз ёфтанд. Аз рӯзҳои офтобии фасли баҳори нозанин истифода бурда, соли равон корҳои мумфаршкунии роҳҳо аз қисми ҷанубу ғарбии шаҳр, аз назди автовокзали кӯҳна,  кӯчаҳои ба номи Бахтиёр Ёқубов ва Баракат Бобоева, ки қариб ду даҳсола таъмир нашуда буданд,  оғоз шуданд. 
Дар оғози мумфаршкунии роҳи мазкур раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ дар дигар кӯчаву маҳаллаҳо низ чунин корҳо ба анҷом мерасанд. Масоҳати роҳи мумфаршшавандаи кӯчаи Бахтиёр Ёқубов 2 ҳазор м2 ва кӯчаи Баракат Бобоева зиёда аз 850 м2-ро ташкил медиҳад. 
Ҳамчунин дар паҳлӯи ин роҳ маркази савдои замонавӣ қомат афрохта истодааст, ки ба ҳусни шаҳр намуди дигаре зам намуда, бо бунёди он 35 нафар бо ҷойи кор ва 20 оила бо хонаи истиқоматӣ таъмин хоҳад шуд. 

Апрель 1, 2014 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик