Оғози корҳои мумфаршкунӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 1.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунии роҳҳо оғоз ёфтанд. Аз рӯзҳои офтобии фасли баҳори нозанин истифода бурда, соли равон корҳои мумфаршкунии роҳҳо аз қисми ҷанубу ғарбии шаҳр, аз назди автовокзали кӯҳна, кӯчаҳои ба номи Бахтиёр Ёқубов ва Баракат Бобоева, ки қариб ду даҳсола таъмир нашуда буданд, оғоз шуданд.
Дар оғози мумфаршкунии роҳи мазкур раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ дар дигар кӯчаву маҳаллаҳо низ чунин корҳо ба анҷом мерасанд. Масоҳати роҳи мумфаршшавандаи кӯчаи Бахтиёр Ёқубов 2 ҳазор м2 ва кӯчаи Баракат Бобоева зиёда аз 850 м2-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар паҳлӯи ин роҳ маркази савдои замонавӣ қомат афрохта истодааст, ки ба ҳусни шаҳр намуди дигаре зам намуда, бо бунёди он 35 нафар бо ҷойи кор ва 20 оила бо хонаи истиқоматӣ таъмин хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






