Оғози маъракаи пиллапарварӣ

Апрель 30, 2014 16:36

Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Пилла ашёи хоми пурқимати саноатӣ буда, баҳри рушди соҳаи кирмакпарварӣ барномаҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудаанд. Инак, барои пиллапарварон маъракаи  парвариши ашёи хоми саноатӣ, яъне тухми кирмак фаро расид. Рӯзҳои наздик масъулини идораҳои пилла ба тақсимоти тухми кирмак оғоз мекунанд.
Ба мавсими соли равон кирмакпарварони вилояти Суғд мувофиқи хоҷагиҳои кирмакпарварӣ корҳои агротехникиро ба сомон расонданд. Аз ҷумла, зери 7122,2 ҳазор бех дарахтони тут нарм карда шуд, дар 1695,8 гектар коркарди байни қатории тутмайдонҳо гузаронда, барои боз ҳам мустаҳкам кардани заминаи хӯрокаи кирмак зиёда аз 60 ҳазор бех ниҳоли тут шинонда шуд. Ҳамчунин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ барӯихатгирии кирмакпарварон ба роҳ монда, то ин дам 13 ҳазор кирмакпарвар ба рӯйхат гирифта шудааст. Дар 127 гармхонаи махсус барои хобонидани тухми кирмак шароит муҳайё гардида, 331 нафар зиндакунандагони тухми кирмак (инкубистон) ва 275 нафар бригадирони соҳа дар мавсим барои хобондани тухми кирмак ва зинда кардани он тайёранд. 
Соли равон бояд кирмакпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақша аз 18450 қуттӣ тухми кирмак 850 тонна пилла истеҳсол намоянд. Дар айни замон 12928 қуттӣ тухми кирмак барои зиндашавӣ дар гармхонаҳо хобонда шудааст.  
Дар вилояти Суғд соли сипарӣ зиёда аз 800 тонна пилла истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2012-ум 168 тонна зиёд аст.

Апрель 30, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик