Оғози маъракаи пиллапарварӣ
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Пилла ашёи хоми пурқимати саноатӣ буда, баҳри рушди соҳаи кирмакпарварӣ барномаҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудаанд. Инак, барои пиллапарварон маъракаи парвариши ашёи хоми саноатӣ, яъне тухми кирмак фаро расид. Рӯзҳои наздик масъулини идораҳои пилла ба тақсимоти тухми кирмак оғоз мекунанд.
Ба мавсими соли равон кирмакпарварони вилояти Суғд мувофиқи хоҷагиҳои кирмакпарварӣ корҳои агротехникиро ба сомон расонданд. Аз ҷумла, зери 7122,2 ҳазор бех дарахтони тут нарм карда шуд, дар 1695,8 гектар коркарди байни қатории тутмайдонҳо гузаронда, барои боз ҳам мустаҳкам кардани заминаи хӯрокаи кирмак зиёда аз 60 ҳазор бех ниҳоли тут шинонда шуд. Ҳамчунин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ барӯихатгирии кирмакпарварон ба роҳ монда, то ин дам 13 ҳазор кирмакпарвар ба рӯйхат гирифта шудааст. Дар 127 гармхонаи махсус барои хобонидани тухми кирмак шароит муҳайё гардида, 331 нафар зиндакунандагони тухми кирмак (инкубистон) ва 275 нафар бригадирони соҳа дар мавсим барои хобондани тухми кирмак ва зинда кардани он тайёранд.
Соли равон бояд кирмакпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақша аз 18450 қуттӣ тухми кирмак 850 тонна пилла истеҳсол намоянд. Дар айни замон 12928 қуттӣ тухми кирмак барои зиндашавӣ дар гармхонаҳо хобонда шудааст.
Дар вилояти Суғд соли сипарӣ зиёда аз 800 тонна пилла истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2012-ум 168 тонна зиёд аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






