Омӯзгорони вилояти Суғд -соҳиби замин

Апрель 30, 2014 11:08

Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 28 апрел барои 36 нафар омӯзгори макотиби миёнаву олии маркази вилояти Суғд аз маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ ҷудо гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот бо омӯзгорон изҳор дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби Сарвари Давлат  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ин аст, ки имрӯз теъдоде аз омӯзгорон соҳиби замин гардиданд. Изҳори умед карда шуд, ки омӯзгорон бо бунёди хонаҳои хуштарҳу замонавӣ ин мавзеи шаҳрро ба як гӯшаи обод табдил хоҳанд дод.
Сипас омӯзгорони ҷавону собиқадор аз тариқи қуръакашӣ  макони ҷойгиршавии қитъаҳои замини худро муайян  намуданд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби идораҳои Сарраёсати истифодаи замин ва идораи шаҳрсозию меъмории шаҳри Хуҷанд ба ин омӯзгорон сертификати замин ва лоиҳаҳои манзилҳои истиқоматӣ ройгон дода мешаванд.

Апрель 30, 2014 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад