Омӯзгорони вилояти Суғд -соҳиби замин
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 28 апрел барои 36 нафар омӯзгори макотиби миёнаву олии маркази вилояти Суғд аз маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ ҷудо гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот бо омӯзгорон изҳор дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ин аст, ки имрӯз теъдоде аз омӯзгорон соҳиби замин гардиданд. Изҳори умед карда шуд, ки омӯзгорон бо бунёди хонаҳои хуштарҳу замонавӣ ин мавзеи шаҳрро ба як гӯшаи обод табдил хоҳанд дод.
Сипас омӯзгорони ҷавону собиқадор аз тариқи қуръакашӣ макони ҷойгиршавии қитъаҳои замини худро муайян намуданд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби идораҳои Сарраёсати истифодаи замин ва идораи шаҳрсозию меъмории шаҳри Хуҷанд ба ин омӯзгорон сертификати замин ва лоиҳаҳои манзилҳои истиқоматӣ ройгон дода мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






