Омӯзиши курси такмили ихтисос дар кӯдакистони президентӣ

Апрель 24, 2014 17:02

Хуҷанд, 24.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Мураббиёни Муассисаи давлатии кӯдакистони президентии шаҳри Хуҷанд  аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Тавре ки сарвари кӯдакистони мазкур Ҷаҳонгирхон Салимов иттилоъ дод, шурӯъ аз аввали моҳи  апрел, тӯли 18 рӯз дар муассисаи номбурда 32 нафар мураббиёни гурӯҳҳои   синнусолӣ аз омӯзишҳои курси такмили ихтисос баҳравард гаштанд. 
Ба гуфти сарвари кӯдакистон, дар ҷараёни омӯзишҳои курси мазкур, роҷеъ ба масъалаҳои  татбиқи сиёсати  давлатӣ дар  бахши  тарбияи  томактабӣ, санаду ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, ҳифзи    саломатии  кӯдакон,  методикаи   гузаронидани   машғулиятҳои  таълимӣ, чорабиниҳои  тарбиявӣ, таҳияи  нақшаҳои  корӣ дарсҳо гузаронида шудаанд. 
Дарсҳо аз тарафи омӯзгорони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилоят  гузаронида шудаанд. 
Бояд зикр кард, ки омӯзгорону мураббиён ва толибилмони  Кӯдакистони президентӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли яксар чорабиниҳои шаҳриву вилояти ба ҳисоб мераванд. 
 
 

Апрель 24, 2014 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд