Омӯзиши таҷриба дар “Шероз”

Апрель 30, 2014 16:48

Хуҷанд, 30.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои дидан намудан аз таҷрибаи Маркази таълимӣ — истеҳсолии “Шероз” ба шаҳри Хуҷанд омаданд. Тавре ки аз дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ин амал мувофиқ ба супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад.
 Дирӯз як гурӯҳ намояндагон дар ҳайати  раисони ноҳияҳои шаҳри  Душанбе, аз ҷумла ноҳияи Фирдавсӣ  Саиднуриддин Алиев, ноҳияи Шоҳмансур Самандар Бобоев, ноҳияи Сино Зафар Сафаров, ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аъламхон Қурбонов, инчунин мудирони бахши кор бо занон ва рушди иҷтимоӣ барои огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти Маркази таълимии истеҳсолии «Шероз»  аз он боздид намуданд. 
Бояд гуфт, ки Маркази таълимии истеҳсолии «Шероз», ки моҳи гузашта бо иштироки Сарвари Давлат ба фаъолият оғоз намуд, барои эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ- аз коркарди ашёи хом то омода шудани қолин пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Маркази мазкур ба як мактаби таҷрибавии эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллии ҷумҳуриявӣ, аз қабили ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдўзию зардўзии табдил ёфтааст. 
Зимни боздид ба меҳмонон тамоми раванди истеҳсолӣ ба таври амалӣ намоиш дода шуда, оид ба таҷрибаи ба даст овардаи Марказ маълумоти муфассал дода шуд. 
 
 
 
 
 

Апрель 30, 2014 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик