Омӯзиши таҷриба дар “Шероз”
Хуҷанд, 30.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои дидан намудан аз таҷрибаи Маркази таълимӣ — истеҳсолии “Шероз” ба шаҳри Хуҷанд омаданд. Тавре ки аз дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ин амал мувофиқ ба супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад.
Дирӯз як гурӯҳ намояндагон дар ҳайати раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла ноҳияи Фирдавсӣ Саиднуриддин Алиев, ноҳияи Шоҳмансур Самандар Бобоев, ноҳияи Сино Зафар Сафаров, ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аъламхон Қурбонов, инчунин мудирони бахши кор бо занон ва рушди иҷтимоӣ барои огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти Маркази таълимии истеҳсолии «Шероз» аз он боздид намуданд.
Бояд гуфт, ки Маркази таълимии истеҳсолии «Шероз», ки моҳи гузашта бо иштироки Сарвари Давлат ба фаъолият оғоз намуд, барои эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ- аз коркарди ашёи хом то омода шудани қолин пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Маркази мазкур ба як мактаби таҷрибавии эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллии ҷумҳуриявӣ, аз қабили ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдўзию зардўзии табдил ёфтааст.
Зимни боздид ба меҳмонон тамоми раванди истеҳсолӣ ба таври амалӣ намоиш дода шуда, оид ба таҷрибаи ба даст овардаи Марказ маълумоти муфассал дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






