Омӯзиши усули ошкор намудани маводи мухаддир дар фурудгоҳ
Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода). — Бо мадади молиявии Намояндагии минтақавӣ дар Осиёи Миёнаи Раёсати умури маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тренинг (машқ) дар мавзӯи «Таҳлили хатарот ва усулҳои ошкор намудани маводи мухаддир дар фурудгоҳ» корашро анҷом дод.
Назар ба хабари дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, ВКД, КДАМ, Хадамоти бехатарии ҳавопаймоҳои Фурудгоҳи байналмилалии «Душанбе», ки дар нақлиёти ҳавоӣ ба ошкор намудани ҷинояткориҳои вобаста бо маводи мухаддир машғуланд, бо роҳбарии мутахассисони Академияи байналмилалии Туркия оид ба муборизаи зидди маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил усулҳои назариявию амалии ошкор намудани маводи мухаддирро омӯхтанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






