Омодагӣ ба ҷаласаи навбатии СҲШ
Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи июни соли ҷорӣ мегузарад, муҳокима гардиданд. Дар ҷаласаи фаврӣ директори агентӣ Р. Назаров ба кормандони масъул оид ба омодагӣ ба ҷаласа нисбат ба масъалаҳои вобаста ба муомилоти маводи нашъаовар вазифаҳои мушаххас дод.
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносон оид ба такмил додани заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкории ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои ваколати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, 16 апрели соли ҷорӣ дар Пекин баргузор мегардад ва дар кори он лоиҳаи Консепсияи Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба пешгирии сӯистеъмоли воситаҳои нашъадор ва маводи психотропӣ, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2013-2014 нисбат ба таҳияи «Барномаи амалҳо оид ба иҷрои стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2015-2016» барои муҳокимаи ояндаи роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай муҳокима мегарданд. Инчунин мубодилаи иттилоот оид ба таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъовар, муҳокимаи пешниҳодоти тарафҳо ҷиҳати таҳияи «Барномаи амал нисбат ба иҷрои стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2011-2016» сурат мегирад.
Дар кори ҷаласаи мазкур муовини сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ М. Маризоев иштирок хоҳад намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






