Ошноии муҳоҷирон бо навовариҳои қонунгузории Ф Р

Апрель 18, 2014 16:10

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ вохӯрии кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе ва навоҳии кишвар бо донишҷӯён ва омӯзгорон дар мавзӯи масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии Федератсияи Русия дар бораи иқомати шаҳрвандони хориҷӣ баргузор гардид.
Сардори бахши таҳлил ва бақайдгирии раёсат Фаридун Сайғуфронов зикр намуд, ки яке аз дастовардҳое, ки дар амалӣ намудани «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» муяссар гардид, ин ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва сокинони кишвар дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ ва таъмин намудани онҳо бо маводи чопии иттилоотӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки баъди гузаронидани корҳои иттилотӣ-фаҳмондадиҳӣ оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия муроҷиати шаҳрвандон ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират зиёд шуда истодааст.
Ф. Сайғуфронов зикр намуд, ки Хадамоти муҳоҷират дар рӯзҳои наздик оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории нави Русия дар моҳи январи соли 2014 буклетҳоро бо номҳои “Навовариҳо дар қонунгузории ФР, ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шудаанд”, ба забонҳои давлатӣ ва русӣ чоп намуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ дастрас менамояд.

Апрель 18, 2014 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд