Осоишгоҳ дар Муъминобод

Апрель 8, 2014 10:50

Муъминобод, 8.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Муъминобод   сохтмони бинои осоишгоҳ барои бемороне, ки табобати зиддисилӣ гирифтаанд, оғоз  гардид. Ба иттилои    мудири бахши  меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия  Сафаралӣ  Назаров бинои мазкур бо маблағгузории дирексияи сохтмони назди Ҳукумати ҶТ  ва пудратчӣ- ҶДММ «Иҷоракор»    роҳандозӣ гардида, то ин муддат барои корҳои тарҳрезии бино 2 млн. 300 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.  Мувофиқи лоиҳа бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда,   дар дохили бино   утоқҳои кории табибон  бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.   
Мақсад аз таъсиси бино  бо шароити муносиб фаро гирифтани беморони гирифтори сил ва  бо кори доимӣ таъмин намудани мутахассисони ҷавони соҳаи тиб мебошад.                     Мавриди  зикр аст, ки тайи солҳои охир дар ноҳия корҳои сохтмонӣ рушд ёфта, бо маблағгузории Ҳукумати ҶТ ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  сохтмони  18 иншоот  ба итмом расид.   

Апрель 8, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе