Осоишгоҳ дар Муъминобод
Муъминобод, 8.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои осоишгоҳ барои бемороне, ки табобати зиддисилӣ гирифтаанд, оғоз гардид. Ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Сафаралӣ Назаров бинои мазкур бо маблағгузории дирексияи сохтмони назди Ҳукумати ҶТ ва пудратчӣ- ҶДММ «Иҷоракор» роҳандозӣ гардида, то ин муддат барои корҳои тарҳрезии бино 2 млн. 300 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Мувофиқи лоиҳа бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар дохили бино утоқҳои кории табибон бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.
Мақсад аз таъсиси бино бо шароити муносиб фаро гирифтани беморони гирифтори сил ва бо кори доимӣ таъмин намудани мутахассисони ҷавони соҳаи тиб мебошад. Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир дар ноҳия корҳои сохтмонӣ рушд ёфта, бо маблағгузории Ҳукумати ҶТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 18 иншоот ба итмом расид.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






