Оё тибқи квота дохилшавандагон имтиҳони тестӣ месупоранд?
Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Довталабоне, ки хоҳиши шомил шудан ба муассисаҳои олии кишвар аз тариқи квотаи Президентиро доранд, агар аз имтиҳони муқарраргардида нагузаранд, дигар дар соли ҷорӣ наметавонанд ба ягон муассисаи олӣ дохил шаванд,- гуфт сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Сафарбой Самадов дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар робита ба ин Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ гуфт: «Дар тамоми раёсатҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат пеш аз муҳлати бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ эълон карда шуд, ки он довталабоне, ки хоҳиши ба тариқи квотаи Президентӣ шомил шуданро доранд, метавонанд ҳамзамон ҳуҷҷатҳояшонро ба марказ супоранд, зеро дар сурати аз имтиҳони муқаррарии квота гузашта натавонистан дигар дар соли равон ҳуқуқи дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳоро пайдо карда наметавонанд».
Ёдрас мекунем, ки давраи иловагии бақайдгирандагон дар ММТ аз 16 то 30 апрели соли 2014 барои довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайд гузашта буданд, муайян шудааст.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






