Оё тибқи квота дохилшавандагон имтиҳони тестӣ месупоранд?

Апрель 16, 2014 15:34

Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Довталабоне, ки хоҳиши шомил шудан ба муассисаҳои олии кишвар аз тариқи квотаи Президентиро доранд, агар аз имтиҳони муқарраргардида нагузаранд, дигар дар соли ҷорӣ наметавонанд ба ягон муассисаи олӣ дохил шаванд,-  гуфт сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Сафарбой Самадов дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар робита ба ин  Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ  гуфт: «Дар тамоми раёсатҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат пеш аз муҳлати бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ  эълон карда шуд, ки он довталабоне, ки хоҳиши ба тариқи квотаи Президентӣ шомил шуданро доранд, метавонанд ҳамзамон ҳуҷҷатҳояшонро ба марказ супоранд, зеро дар сурати аз имтиҳони муқаррарии квота гузашта натавонистан дигар дар соли равон ҳуқуқи дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳоро пайдо карда наметавонанд». 
Ёдрас мекунем, ки давраи иловагии бақайдгирандагон дар ММТ аз 16 то 30 апрели соли 2014 барои довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайд гузашта буданд, муайян шудааст.  
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 16, 2014 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад