Озмун барои аккосон-хабарнигорони ҷавон

Апрель 8, 2014 11:29

Душанбе, 8.04.2014. (АМИТ “Ховар”).-Бунёди байналмилалии Олимпур барои ширкат дар давраи омӯзишии фотожурнализм озмун эълон мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 19 то 23 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ин давраи омӯзишӣ  ду ҳадафи назарӣ ва амалӣ дорад:
1. Баҳсу гуфтугӯ дар бораи асосҳои журнализми чандрасонаӣ ва боло  бурдани сатҳи дониши ҳирфавии ширкаткунандагон бо истифодаи усули ҳирфавии рӯзноманигорӣ, ошноӣ бо намунаҳое аз корҳои фотожурнализм дар дунёи имрӯз, гуфтугӯ дар бораи нақши расонаҳои диҷитол ва ояндаи расонаҳое, монанди рӯзнома, радио ва телевизион.  
2. Бо ҳар ширкаткунанда ба сурати амалӣ рӯи ин мавзӯъҳо кор хоҳад шуд; истифодаи беҳтар аз акс барои сохтани маводи чандрасонаӣ; шеваи истифода аз акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра.  
Давраи омӯзишӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор шуда, дар он метавонанд ҳамаи журналистоне, ки бо расонаҳои чопӣ, савтию тасвирӣ ва интернетӣ кор мекунанд ва бо навишта, садо ва тасвир сару кор доранд, иштирок намоянд. Мураббиён (тренерон) ва омӯзишдиҳандагони варзида ва ботаҷриба дар соҳаи расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ   ин давраи омӯзиширо мегузаронанд. 
Ба 3 кори беҳтарине, ки ширкаткунандагон дар давраи омӯзишӣ таҳия мекунанд, ҷоизаи пулӣ дода хоҳад шуд. 
Хоҳишмандон метавонанд  дархостҳои худро то рӯзи 12 майи соли ҷорӣ бо имейл ба нишонии info@tajikmultimedia.org фиристанд.
 

Апрель 8, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик