Озмун барои аккосон-хабарнигорони ҷавон
Душанбе, 8.04.2014. (АМИТ “Ховар”).-Бунёди байналмилалии Олимпур барои ширкат дар давраи омӯзишии фотожурнализм озмун эълон мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 19 то 23 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ин давраи омӯзишӣ ду ҳадафи назарӣ ва амалӣ дорад:
1. Баҳсу гуфтугӯ дар бораи асосҳои журнализми чандрасонаӣ ва боло бурдани сатҳи дониши ҳирфавии ширкаткунандагон бо истифодаи усули ҳирфавии рӯзноманигорӣ, ошноӣ бо намунаҳое аз корҳои фотожурнализм дар дунёи имрӯз, гуфтугӯ дар бораи нақши расонаҳои диҷитол ва ояндаи расонаҳое, монанди рӯзнома, радио ва телевизион.
2. Бо ҳар ширкаткунанда ба сурати амалӣ рӯи ин мавзӯъҳо кор хоҳад шуд; истифодаи беҳтар аз акс барои сохтани маводи чандрасонаӣ; шеваи истифода аз акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра.
Давраи омӯзишӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор шуда, дар он метавонанд ҳамаи журналистоне, ки бо расонаҳои чопӣ, савтию тасвирӣ ва интернетӣ кор мекунанд ва бо навишта, садо ва тасвир сару кор доранд, иштирок намоянд. Мураббиён (тренерон) ва омӯзишдиҳандагони варзида ва ботаҷриба дар соҳаи расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ин давраи омӯзиширо мегузаронанд.
Ба 3 кори беҳтарине, ки ширкаткунандагон дар давраи омӯзишӣ таҳия мекунанд, ҷоизаи пулӣ дода хоҳад шуд.
Хоҳишмандон метавонанд дархостҳои худро то рӯзи 12 майи соли ҷорӣ бо имейл ба нишонии info@tajikmultimedia.org фиристанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






