Озмуни “Ҳифз ва қироати Қуръони карим” дар Душанбе
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифа аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ озмуни навбатии ҷумҳуриявии “Ҳифз ва қироати Қуръони карим”-ро дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд. Дар ин бора Изатулло Давлатов, корманди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ин озмун дар 5 бахш, аз ҷумла «ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвиду тафсири сураи “Бақара” ва “Оли Имрон”, ҳифзи кулли Қуръони карим бо зикри номи сураву рақами оят ва саҳифа, ҳифзи кулли Қуръони карим ва ҳифзи матни “Чиҳил ҳадис”-и Имом Нававӣ, ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвид ва ҳифзи 20 ҷузъи Қуръони карим барпо мешавад.»
Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони озмун аст, ғолибонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳад кард.
Хоҳиш мандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то рӯзи 25 апрел ба Донишкадаи исломӣ пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






