Озмуни “Ҳифз ва қироати Қуръони карим” дар Душанбе

Апрель 12, 2014 10:01

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –  Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифа  аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ озмуни навбатии ҷумҳуриявии “Ҳифз ва қироати Қуръони карим”-ро дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд. Дар ин бора Изатулло Давлатов, корманди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод. 
Ин озмун дар 5 бахш, аз ҷумла «ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвиду тафсири сураи “Бақара” ва “Оли Имрон”, ҳифзи кулли Қуръони карим бо зикри номи сураву рақами оят ва саҳифа, ҳифзи кулли Қуръони карим ва ҳифзи матни “Чиҳил ҳадис”-и Имом Нававӣ, ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвид ва ҳифзи 20 ҷузъи Қуръони карим барпо мешавад.»
Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони озмун аст, ғолибонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳад кард.
Хоҳиш мандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то рӯзи 25 апрел ба Донишкадаи исломӣ пешниҳод намоянд.

Апрель 12, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд