Озмуни саноатчии беҳтарин дар Суғд
Хуҷанд, 02.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд шурӯъ аз моҳи равон озмуни “Саноатчии беҳтарини сол” эълон шудааст. Тавре ки аз маркази матбуоти роҳбари вилоят иттилоъ доданд, мақсад аз эълони озмун ҷалби бештари соҳибкорони ҳавасманд ба соҳаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дохила аст..
Он бо ташаббуси бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи он пеш аз ҳама баланд бардоштани нуфузу эътибори соҳаи саноати вилоят ва ҳавасмандгардонии саноатчиён, инчунин тарғиби таҷрибаи муосири соҳа, ихтироот ва дастовардҳои нави илмию техникӣ, ки ба рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамоянд, мебошад.
Бояд гуфт, ки доир ба озмуни мазкур моҳи марти соли равон қарори раиси вилоят ба табъ расида буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






