Пардохти 1 миллион рубл ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). — Бо мадади Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР тайи моҳи апрели соли ҷорӣ қарзи маоши муҳоҷирони меҳнатӣ, ки беш аз 1 миллиону 130 ҳазор рублро ташкил медод, пардохта шуд. Дар ин бора аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, қариб нисфи ин маблағро қарзи маоши гурӯҳи сохтмончиёни тоҷик, ки дар ҳайати яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Санкт – Петербург кор мекарданд, ташкил дод.
Ғайр аз ин бо мусоидати намояндагӣ қарзи маоши муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Новосибирск ва Маскав кор мекунанд, пардохта шудааст.
Таҳлили муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ нишон медиҳад, ки сабаби асосии пардохт нашудани маоши онҳо адами созишномаҳои меҳнатии байни корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






