Паём: Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мавқеи хосса дорад

Апрель 16, 2014 16:33

Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  соли 2012 ба Маҷлиси Олӣ зикр намуд, ки ҳама нияту ҳадафҳои мо на танҳо ба нафъи кишвари худамон, балки ба манфиати ҳамаи ҳамсоягон, ҳамаи шарикони минтақавии мо мебошанд ва бо нақшаву мақсадҳои минтақавӣ ҳамоҳангиву созгории комил доранд. Мо танҳо ба манфиати худ ва бар зарари касе кор карданӣ нестем, балки сидқан тарафдори ҳамкориву ҳамшарикии баробарнафъи минтақавӣ ҳастем.
 Замоне, ки қисматҳои мухталифи дунё ба ҳам меоянд, созмонҳои минтақавӣ ва фаромиллӣ ташкил медиҳанд, то зиндагии якдигарро осон намоянд, дар минтақаи мо аз ҳам гусастани робитаҳо, бастан ва шикастани роҳҳо, паси ҳам барои якдигар эҷод намудани монеаҳо аз рӯи инсоф нест. Мо бошем, умедворем, ки ҳикмати анъанавии аҷдоди барӯмандамон, ки асрҳо ҳамзистии дӯстонаву бародарона доштанд, ғолиб хоҳад омад!
Тоҷикистон дар муносиботи худ бо дигар кишварҳо ва минтақаҳои дунё айни ҳамин усулҳо ва ҳадафҳоро пеш гирифтааст. Кишвари мо узви чандин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҷанубу шарқ ё ҷанубу ғарби Осиёи Марказист.
Дар байни онҳо, албатта, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мавқеи хосса дорад, чунки ҳар яки шумо дар бораи лоиҳаҳое, ки дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо ин созмон татбиқ мешаванд, иттилоъ доред.
Ҳам дар ин ҷода ва ҳам дар масоили амниятиву сиёсӣ мо ҳамкориҳои худро бо аъзои он ва қабл аз ҳама, Ҷумҳурии Мардумии Чин рушду густариши тоза хоҳем бахшид.
-Нисбат ба дигар ниҳоду созмонҳо, ки зикрашон дар боло рафт, мо ҳамеша бо аъзои онҳо низ дар бораи ҳадафҳои созанда, ки мақсади ниҳоияшон беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум аст, суҳбат мекунем.
Бунёд намудани роҳҳои нави оҳану мошингард, қубурҳои нафту газ, хатҳои нави барқ натиҷаи ҷустуҷӯҳо ва дарёфтҳое ҳастанд, ки ҳадафи татбиқи ин нақшаҳои созанда ғайр аз муҳайё намудани зиндагии орому осуда ва беҳтару хубтар барои мардумони мо чизи дигаре нест,-таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аснои ирсоли Паём ба МО ҶТ.

Апрель 16, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад