Паём: Ятимони куллро дар муҳити оила тарбия намоед
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки бо назардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, ҳамзамон бо ин, низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли нишаст муроҷиат кард, ки ятимони куллро дар муҳити оила тарбия кардан ҳам беҳтар ва ҳам савоби бузург аст. Тасаввур кунед, ки агар беш аз сеюним ҳазор ятимони кулл як нафарӣ ба муҳити оила фаро гирифта шаванд, чӣ қадар оилаҳо соҳиби фарзанд ва хушбахт мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






