Пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакилон
Душанбе, 14.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-24 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум баргузор мегардад. Дар робита ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд.
Интизор меравад, ки дар иҷлосия масъалаҳои марбут ба омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, омодагӣ ба ҷашни 90-солагии Душанбе, номгузорӣ ва номивазкунии кӯчаю хиёбонҳо, беҳдошти вазъи санитарӣ-экологӣ, корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар пойтахт баррасӣ гардида, доир ба онҳо раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузориш хоҳанд дод. Инчунин дар иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №12 пеш аз муҳлат қатъ гардонида мешавад.
Дар фарҷоми иҷлосия тасдиқи як силсила қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар назар аст. 9.44.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст






