Пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакилон

Апрель 14, 2014 10:06

  Душанбе, 14.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-24 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе, даъвати  чорум баргузор мегардад. Дар робита ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд.
     Интизор меравад, ки дар иҷлосия масъалаҳои марбут ба омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015,  омодагӣ  ба ҷашни 90-солагии Душанбе, номгузорӣ ва номивазкунии  кӯчаю хиёбонҳо, беҳдошти вазъи санитарӣ-экологӣ, корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар пойтахт баррасӣ гардида, доир ба онҳо раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузориш хоҳанд дод. Инчунин дар иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои  интихоботии №8 ва №12 пеш аз муҳлат қатъ гардонида мешавад.
       Дар фарҷоми иҷлосия тасдиқи як силсила қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар назар аст. 9.44.
 
 

Апрель 14, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд