Пешгирии ҷинояткорӣ ва зиракии сиёсӣ

Апрель 15, 2014 11:23

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  бо иштироки васеи устодону донишҷӯён вохӯрии намояндагони прокуратураи вилоят баргузор гардид.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлилии раёсати донишгоҳ  Маъмури Юсуфзод  иттилоъ дод, дар вохӯрӣ Саидмухтор Саидов- ёрдамчии прокурори вилоят оид ба назорати  иҷрои қонунҳо доир ба ҷавонон ва ноболиғон зикр намуд, ки ин мулоқоти нахустин дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2013-2014 буда,  он минбаъд бо кулли устодон ва донишҷӯёни тамоми макотиби олӣ ва миёнаи  касбии вилоят сурат мегирад. 
Ҳадаф аз ташкили  вохӯриҳо пеш аз ҳама ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо, ҳамроҳ нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва бобати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудани 20- солагии Контситутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Апрель 15, 2014 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик