Пешгирии ҷинояткорӣ ва зиракии сиёсӣ
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи устодону донишҷӯён вохӯрии намояндагони прокуратураи вилоят баргузор гардид.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлилии раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар вохӯрӣ Саидмухтор Саидов- ёрдамчии прокурори вилоят оид ба назорати иҷрои қонунҳо доир ба ҷавонон ва ноболиғон зикр намуд, ки ин мулоқоти нахустин дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2013-2014 буда, он минбаъд бо кулли устодон ва донишҷӯёни тамоми макотиби олӣ ва миёнаи касбии вилоят сурат мегирад.
Ҳадаф аз ташкили вохӯриҳо пеш аз ҳама ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо, ҳамроҳ нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва бобати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудани 20- солагии Контситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






