Пешгирии интиқоли маводи мухаддир дар «Панҷи поён»

Апрель 7, 2014 15:14

 
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 703 самти Кӯлоб-Маскав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон   Маҳмадалӣ Маҳмадалиев (соли таваллудаш 1989)-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, боздошт намуданд.
Кормандони гумрук ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз М. Маҳмадалиев се адад бастаи полиэтиленӣ бо хокаи сиёҳчатоби ба маводи ҳашиш монандро, ки 593,4 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира намуданд.
Ҳамчунин кормандони раёсати минтақавии вилояти Хатлон дар гузаргоҳи гумрукии «Панҷи поён» интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд. Шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Султони Фарруқ, соли таваллудаш 1986, бо гумони бо худ доштани маводи мухаддир дастгир шуд. Зимни муоинаи тиббӣ аз зери пойафзоли ӯ маводи сиёҳчатоб  дарёфт гардид. Мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфтшуда навъи ҳашиш буда, вазни холиси он 30,5 граммро ташкил дод.  
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш ҷараён дорад.
Дар ин бора сарнозири раёсати шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон Нурулло Шарифов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
 
 
 
 
 

Апрель 7, 2014 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик