Пешгирии интиқоли маводи мухаддир дар «Панҷи поён»
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 703 самти Кӯлоб-Маскав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Маҳмадалиев (соли таваллудаш 1989)-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, боздошт намуданд.
Кормандони гумрук ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз М. Маҳмадалиев се адад бастаи полиэтиленӣ бо хокаи сиёҳчатоби ба маводи ҳашиш монандро, ки 593,4 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира намуданд.
Ҳамчунин кормандони раёсати минтақавии вилояти Хатлон дар гузаргоҳи гумрукии «Панҷи поён» интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд. Шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Султони Фарруқ, соли таваллудаш 1986, бо гумони бо худ доштани маводи мухаддир дастгир шуд. Зимни муоинаи тиббӣ аз зери пойафзоли ӯ маводи сиёҳчатоб дарёфт гардид. Мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфтшуда навъи ҳашиш буда, вазни холиси он 30,5 граммро ташкил дод.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш ҷараён дорад.
Дар ин бора сарнозири раёсати шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон Нурулло Шарифов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






