Пешгирии нашъамандӣ дар байни наваскарон
Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳамасола дар моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ баргузор мегардад. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд, 1 апрел дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ, зимни гузаронидани маъракаи тантанавии гусели даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ якҷоя бо мудири бахши ҷавонони ноҳияи мазкур дар байни даъватшудагон вохурӣ гузарониданд. Мақсади вохӯрӣ пешгирии истифодаи маводи мухаддир дар байни ҷавонон, эмин нигоҳ доштани солимии насли наврас, васеъ намудани тасаввуроти онҳо дар бораи хатари маводи мухаддир буд.
Ҳамчунин аз тарафи намояндагон оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, оқибатҳои сар задани нашъамандӣ, сироятшавӣ ба бемориҳои ВНМО, Гепатити С, содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон суҳбатҳо баргузор гардиданд. Дар вохӯрӣ раисони маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






