Пешгирии нашъамандӣ дар байни наваскарон

Апрель 2, 2014 15:41

Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳамасола дар моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ баргузор мегардад.  Тавре ки аз маркази матбуоти  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд, 1 апрел дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ, зимни гузаронидани маъракаи тантанавии гусели даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ  якҷоя бо мудири бахши ҷавонони ноҳияи мазкур дар байни даъватшудагон вохурӣ гузарониданд. Мақсади вохӯрӣ пешгирии истифодаи маводи мухаддир дар байни ҷавонон, эмин нигоҳ доштани солимии насли наврас, васеъ намудани тасаввуроти онҳо дар бораи хатари маводи мухаддир буд. 
Ҳамчунин аз тарафи намояндагон оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, оқибатҳои сар задани нашъамандӣ, сироятшавӣ ба бемориҳои ВНМО, Гепатити С, содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон суҳбатҳо баргузор гардиданд.  Дар вохӯрӣ раисони маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд. 
 

Апрель 2, 2014 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд