Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Апрель 22, 2014 12:02

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб, татбиқи амалии Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар  давоми моҳҳои январ — апрели соли 2014 якчанд маҳфил таҳти унвони «Кошонаи саодат» гузаронида шуд.
Ба иттилои Мунаввара Дадобоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ин маҳфилҳо занону духтарон аз оилаҳои гуногун, аз ҷумла занони яккаву танҳо ва заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ҷалб шуданд.
Зимни баргузории маҳфилҳо ба иштирокчиён муносибати байниҳамдигарӣ аз нуқтаи равонӣ, роҳандозӣ намудани буҷаи оилавӣ, маърифати қарзгирӣ, баланд бардоштани маданияти рӯзгордорӣ, расонидани ёрии таъҷилии аввалини тиббӣ, ҳуқуқи зан аз нигоҳи қонун омӯзонида шуда, дар ҷамъбаст ба бонувон сертификат оид ба хатми маҳфили мазкур дода шуд.
 

Апрель 22, 2014 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик