Пешгирии зӯроварӣ дар оила
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб, татбиқи амалии Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар давоми моҳҳои январ — апрели соли 2014 якчанд маҳфил таҳти унвони «Кошонаи саодат» гузаронида шуд.
Ба иттилои Мунаввара Дадобоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ин маҳфилҳо занону духтарон аз оилаҳои гуногун, аз ҷумла занони яккаву танҳо ва заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ҷалб шуданд.
Зимни баргузории маҳфилҳо ба иштирокчиён муносибати байниҳамдигарӣ аз нуқтаи равонӣ, роҳандозӣ намудани буҷаи оилавӣ, маърифати қарзгирӣ, баланд бардоштани маданияти рӯзгордорӣ, расонидани ёрии таъҷилии аввалини тиббӣ, ҳуқуқи зан аз нигоҳи қонун омӯзонида шуда, дар ҷамъбаст ба бонувон сертификат оид ба хатми маҳфили мазкур дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






