Пешниҳоди фиристодаи Тоҷикистон
Душанбе, 21 .04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон Нарзихон Зоиров пешниҳод намудааст, ки яке аз хиёбонҳои Теҳрон ба номи бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ гузошта шавад. Дипломати тоҷик ин пешниҳодро зимни баргузории маҳфили ёдбуд ба ифтихори зодрӯзи С. Айнӣ ироа намуда, таъкид кардааст, ки ин амр дар таҳкими дӯстии ду миллати бародари тоҷику эронӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Бояд зикр кард, ки маҳфили ёдбуд бо ибтикори Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё (ИРАС) созмон дода шуда, дар он шахсиятҳо ва мақомҳои дипломатии муқими Теҳрон, рӯзноманигорон, пажӯҳишгарон ва донишҷӯён ширкат доштанд.
Дар маҳфил доктор Насир Аҳмади Нур — Сафири Афғонистон дар Эрон, Ифтихор Ҳусейн Ориф — раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар шахсиятҳо доир ба нақши алломаи Машриқзамин — устод Айнӣ дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик сухан намуда, Айниро яке аз чеҳраҳои дурахшон барои гиромидошти забони тоҷикӣ — форсӣ дар Осиёи Миёна унвон карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






