Полки комендантӣ 21- сола шуд

Апрель 14, 2014 09:51

Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар маросими тантанавӣ бахшида ба  муносибати 21-умин солгарди Полки комендантии Вазорати мудофиа ҳайатҳои фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ ва афсарону сарбозон, ки дар айни замон дар ҷузъу томҳои он фаъолияти хизматӣ доранд, иштирок намуданд.
Масъулини Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ таъкид доштанд, ки Полки комендантии Вазорати мудофиа аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш дар баробари омодагии ҷангӣ, инчунин баҳри ҳифзу нигоҳдории иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ нақши муассир дорад. Дар  чорабинӣ зикр  шуд, ки самти фаъолият ва хизмат дар Полки комендантӣ аз дигар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ то андозае фарқ мекунад. Аз ин рӯ, бо назардошти талаботи хосси хизмат дар ин шохаи артиш ҳамасола ба ин воҳиди низомӣ ҷавонони дорои савия ва  дониши хуб, аз ҷиҳати ҷисмониву рӯҳӣ обутобёфта ва дорои қади на камтар аз 170 сантиметр ҷалб мешаванд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, дар ин рӯз бо фармони Вазири мудофиаи кишвар барои фаъолияти хуб ба як гурӯҳ афсарону сарбозони Полки комендантӣ раҳматнома, ифтихорнома, туҳфаҳои қиматнок ва рутбаҳои ҳарбӣ супорида шуд, ки ин таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ нисбат ба заҳматҳои шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбии ин қисми низомӣ мебошад.
 
 
 
 
 

Апрель 14, 2014 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад