Рӯзи иқтисодчиён муборак!

Апрель 9, 2014 10:39

Душанбе, 9.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 8 апрели соли равон  бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд. 
Дар ҷаласа зикр гардид, ки ин ҷашн дар ҳақиқат эътирофгари саҳми барҷастаи иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи пешрафтаву мутараққӣ мебошад. Онҳо қудрату тавони таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ дар мамлакат ва дар ин замина баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардумро доранд.
Дар интиҳои ҷаласаи тантанавӣ як гурӯҳ кормандони собиқадори дастгоҳи марказӣ барои фаъолияти пурсамарашон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.
 
 

Апрель 9, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад