Рӯзи иқтисодчиён муборак!
Душанбе, 9.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 8 апрели соли равон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки ин ҷашн дар ҳақиқат эътирофгари саҳми барҷастаи иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи пешрафтаву мутараққӣ мебошад. Онҳо қудрату тавони таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ дар мамлакат ва дар ин замина баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардумро доранд.
Дар интиҳои ҷаласаи тантанавӣ як гурӯҳ кормандони собиқадори дастгоҳи марказӣ барои фаъолияти пурсамарашон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






