Р. Давлатзода: «Ман дастпарвари донишгоҳи шумоям»

Апрель 16, 2014 16:31

Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Омӯзгорӣ касби пуршараф аст, ман дастпарвари факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳастам ва имрӯз ҳам барои донишҷӯён дар ин донишгоҳ дарс мегӯям»,-гуфт зимни мулоқот бо муҳассилини ин донишгоҳ раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода.
Мавсуф зикр намуд, ки хатмкунандагони риштаи омӯзгории донишгоҳҳо бояд сарбаландона ба зодгоҳашон рафта, ба толибилмон дарс гӯянд, шогирдони зиёдеро тарбия намоянд, зеро маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гаштааст. Дар шаҳри Чкалов тамоми шароитҳо барои мутахассисони ҷавон муҳайё гардида ва онҳо зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд. Мо ба омӯзгорони фанҳои дақиқ, забони русӣ бештар эҳтиёҷмандем. Ва омода ҳастем, ки роҳкирои омӯзгоронеро, ки аз дигар шаҳру навоҳӣ меоянд, ҷуброн намоем.
Муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия Муъминҷон Шамсиддинов иттилоъ дод, ки имрӯз дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултаҳои мухталифи донишгоҳ   208 нафар донишҷӯ аз шаҳри Чкалов таҳсил мекунад. Соли равон  18 нафар донишҷӯи ин шаҳр аз тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамояд.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар мулоқот донишҷӯён мушкилот ва пешниҳодоти судманди хешро ба Рухсора Давлатзода баён доштанд.  Дар анҷоми мулоқот ба як гурӯҳ донишҷӯёни эҳтиёҷманд кумаки молӣ расонида шуд.
 
 
 
 

Апрель 16, 2014 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик