Р. Давлатзода: «Ман дастпарвари донишгоҳи шумоям»
Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Омӯзгорӣ касби пуршараф аст, ман дастпарвари факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳастам ва имрӯз ҳам барои донишҷӯён дар ин донишгоҳ дарс мегӯям»,-гуфт зимни мулоқот бо муҳассилини ин донишгоҳ раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода.
Мавсуф зикр намуд, ки хатмкунандагони риштаи омӯзгории донишгоҳҳо бояд сарбаландона ба зодгоҳашон рафта, ба толибилмон дарс гӯянд, шогирдони зиёдеро тарбия намоянд, зеро маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эътироф гаштааст. Дар шаҳри Чкалов тамоми шароитҳо барои мутахассисони ҷавон муҳайё гардида ва онҳо зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд. Мо ба омӯзгорони фанҳои дақиқ, забони русӣ бештар эҳтиёҷмандем. Ва омода ҳастем, ки роҳкирои омӯзгоронеро, ки аз дигар шаҳру навоҳӣ меоянд, ҷуброн намоем.
Муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия Муъминҷон Шамсиддинов иттилоъ дод, ки имрӯз дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултаҳои мухталифи донишгоҳ 208 нафар донишҷӯ аз шаҳри Чкалов таҳсил мекунад. Соли равон 18 нафар донишҷӯи ин шаҳр аз тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамояд.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар мулоқот донишҷӯён мушкилот ва пешниҳодоти судманди хешро ба Рухсора Давлатзода баён доштанд. Дар анҷоми мулоқот ба як гурӯҳ донишҷӯёни эҳтиёҷманд кумаки молӣ расонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






