Равнақи ҳамкориҳо бо САҲА

Апрель 14, 2014 09:18

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков бо мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ ва муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Мария Гречев ва мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ Зайтуна Наимова ҳафтаи сипаригардида вохӯрд.
Зимни мулоқот А. Бузмаков Аламшоевич иброз намуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар робитаи зич қарор дошта, дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, ки 8 апрели соли 2011 ба имзо расидааст, як силсила чорабиниҳо дар самти ислоҳоти милитсия ба анҷом расиданд.
Ҳамзамон дар соҳаи мубодилаи таҷриба ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷараён доранд.
Мария Гречев аз ҳамкориҳои самаранок изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар айни замон лоиҳаи «Фаъолияти ҳиссиётнокӣ-гендерии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тафтиш ва пайгирии судии зӯроварӣ дар оила ва ҳифзи ҷабрдидагон» муваффақона ҷараён дорад.  
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ анҷом пазируфта, ҷонибҳо аз ривоҷ ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
 
 
 
 

Апрель 14, 2014 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд